Чоп

Терроризму  экстремизм вабои аср.

Терроризму экстремизм хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро  шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату Ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи терроризм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд мо ҷавонон таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоем, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагардем.

Муфассал...
 
Чоп

Иқтидори мо аз ваҳдат аст.

 

Боиси ифтихор аст, ки сокинони Тоҷикистони маҳбубамон дар партави нури хуршеди Истиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон машғуланд.

Мо хуб дарк мекунем, ки ободониву пешрафт ва тавоноиву иқтидори ҳар як давлат аз ваҳдату ягонагӣ мебошад. Шукрона, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот побарҷост ва мо фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллиро  ҳифз ва эҳтиром  менамоем.

Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амал омад,  моро бетараф гузошта наметавонад.  Имрўз бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо муттаҳид ҳастем ва иқтидори мудофиаивии Артиши миллии мо бузург аст. Сарбозону афсарони далер ва ҷасури мо омода ҳастанд, дар ҳама ҳолат марзи кишварро ҳифз ва  ҷазои нохалафонро бидиҳанд.

Чуноне ки Абдулқодири Бедил гуфтааст:

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Сармутахассиси бахши фарҳанг                            Ғозибекова С.

Муфассал...
 
Сахифаи 120 аз 230