Чоп

Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

 

Замон ба марҳилаи наву ҳассос ва таърихиву сарнавиштсоз ворид шуд ва акнун метавон гуфт, ки башарият вартаи хатарноку даҳшатборе омада расидааст. Гӯё дар ҳама ҷо ва дар чаҳор гӯшаи олам руҳи берунрафта аз аз ин бунбастро меҷӯянд, аммо вазъият печутоб шудан доранду роҳи раҳои аз бӯҳрон то ҳанӯз пайдо нест. Аз чаҳор сӯи дунё ҳар рӯзу ҳар соат маргу таҳриб, тазъиқу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангу нооромӣ, террор, муноқиша, одамкушӣ ба шеваҳои гӯшношуниду муҷодот бо усулҳо доқёнусоро мешунавему мехонем, барои қутратҳо ҳарбӣ, ба истилоҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ  дар миёни миллатҳо ва дар арсаи олам як кори маъмулӣ шудааст.

Воқеан тероризм падидаи номатлуб буда, танҳо ба зарари инсоният равона гардидааст. Ҳарчӣ бештар мо аз ин падида дурӣ ҷуста, бар акс зидди он мубориза барем.

Муфассал...
 
Чоп

ТАРАФДОРИ ЗИНДАГИИ ОСУДА БОШЕМ НА ФАРСУДА

 

Терроризм ва экстремизм вабои асри XXI рўз то рўз  аҳли башарро ба таҳлука гирифтор намуда истодааст. Дар ин гиру дорҳо, кашмакашиҳо, қатлу ғоратҳо, сўхтору вайронкориҳо чи суде барои мардуми мусулмон дорад?Аз оқибати гуноҳу гунаҳкорӣ андеша бояд кард! Ин оламу дунёи орому ободи худро чаро вайрон мекунанд? Чаро фирефтаи дурўғу ҳаваси бекасӣ мекунанд? Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки осмони софи моро абрҳои тира мехоҳанд пахш намоянду ба ҷои борони раҳмат, ашки ҳасрат аз фазо резонанд.

Дунёи мо дунёи рангин аст, мо нагузорем, ки решаи ин нохалафи инкишоф ёфта, бисабзад ва бо решаи осоиштагӣ пайваст бигардаду бисабзад. Мо аҳли олам як дасту якдил бар зидди мухолифон ҳастем. Чашму дил, дасту по, ботину зоҳир,гўшу ҳуш, ҳасту нести худро пурра ва ҳар сў ҷониби амониву сулҳ равона созем ва бо қатъияту боварии комил чашм сўи ҳимояи марзу бум кунем ва бар зидди тероризм мубориза барем.

Муфассал...
 
Сахифаи 112 аз 230