Чоп

Хурофоту ҷаҳолат –роҳи пешрафти ҷомеа нест!

Хурофот ва арзишҳои кӯҳна сабабгори нооромиву бесарусомониҳо дар ҷамъият мегардад.

Низоъи сарҳадие, ки  санаи 14.09.2022 сол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод сабабгори он маҳз ҳамон ифротагороён буданд, ки боиси бесарумониҳои марзӣ ва ҳалокат гардидани чанд нафар одамони бегуноҳу сарбозон гардиданд.

Дар ҷомеаи пурталотум ва пуррақобати имрӯза ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа дурандешиву соҳибмаърифатӣ ва бофарҳангӣ аст, на хурофоту ҷаҳолат.

Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки дар партави нишондодҳои сарвари давлат ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода, ба муқобили хурофоту арзишҳои кӯҳнаи асримиёнагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                        Алиҷонзода Г. Ф

Муфассал...
 
Чоп

Ислом ва ифротгароён

Ислом дар байни дигар динҳо яке аз дине мебошад, ки аз замони зуҳураш то ба имрӯз дар таълиму тарбия, маърифатнокии ҳаёти ҷомеа, ахлоқи хонаводагӣ, тарбияи дурусти фарзанд, ростгӯйиву росткорӣ, ҳақиқатҷӯйиву ҳифзи ватан  ва зиндагии шоиста саҳми боризе гузошта, дар тамаддуни халқҳои гуногуни Машриқзамин ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст.

Мутаассифона,бархе гуруҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки дини исломро ғаразнок маънидод намуда, дар чашму фаҳмиши мардуми мусулмон ва ғайримусулмон нодуруст ва шубҳанок нишон дода медиҳанд.

Ин зумра ашхоси иғвоангез аз номи дини мубини ислом истифода карда ҳадафҳои муғризонаи худ ва хоҷагони худро пайгирӣ менамоянд. Инчунин ҷавонони ноогоҳу берун аз  маърифати комили диниро ба худ ҷалб намуда, дар амалҳои манфурашон истифода менамоянд.

Аз ин хотир мо ҷавононро мебояд, ки ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ ва анъаноти тоҷиконаи худро дуруст дарк карда ба муқобили чунин гурӯҳҳо мубориза барем.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                        Алиҷонзода Г Ф

 

Муфассал...
 
Сахифаи 118 аз 230