Чоп

Таърихи навини Тоҷикистон

9 сентябр Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 31 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод карданд Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷмедиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд то ки Тоҷикистони азизамон тинҷу ором ва осуда бошад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Чоп

Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунам

Ватан модар, дунëи беканори зебоӣ наëбандаву нотакрор аст. Ҳар нафари соҳибмаърифат Ватанро аз самими дил, бо тамоми ҳастӣ вуҷудаш дӯст медорад ва чун гавҳараки чашм нозукона нигоҳ медорад. Модар моро ба дунë меорад, Ватан бошад, тарбия менамояду ба воя мерасонад ва ба қуллаҳои мурод мерасонад. Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳу ваҳдат ва тамоми арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиëт намоем. Зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат зоҳир мегардад. Воқеан ҳам, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби шуҷоат ва мардонагӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ин ҷо сарбоз мустақил, соҳибақл, ботамкин, шуҷоъ ва ҷасур тарбия меëбад ва ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунад. Имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сарбозон дар баробари адои хизмат ба касбу ҳунаромӯзӣ машғул шуда, дар ин раванд аз маҳорату қобилияти баланди касбии афсарон истифода мекунанд. "Артиши миллӣ яке аз рукунҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад". Таҳким бахшидан ва нерӯманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ ватандӯстӣ вобастагӣ дорад.

 

Қобилзода Сабзинаи Қобил.

Муфассал...
 
Сахифаи 186 аз 271