Экстрамизм (ифротгароӣ) ва терроризм
падидаҳои номатлуби замони муосир
Мушкилоти экстрамизм ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд, аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундравиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма мардумро аз рафти ин равандҳо огоҳменамоян.
Даҳшати терроризм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ, ин тарсонидан, сохтани муҳити тарсу ваҳм дар байни мардум мебошад. Терроризм-аз калимаи лотини гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳм додан мебошад. Мо имрӯз дар ҷомеъа мушоҳида карда метавонем, ки қисми зиёди шомилшудагон ба ин гурӯҳҳо аз ҳисоби ҷавонон мебошад. Сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ин надоштани дониши комил, паст будани мафкураи онҳо, огоҳнабудан аз арзишҳои умумиинсонии ислом, нодуруст истифода бурдан аз шабакаҳои интернети, бекорӣ ва беэътибории волидайни онҳо мебошад.
Ин гуна гурӯҳҳо бо ҳаракатҳои ғайриинсонӣ, яъне дини мубини исломро ниқоби рӯи худ карда, бо номи дини ислом доғ меоранд ва ҷавононро ба доми худ кашида истодаан.

.jpg)