Чоп

Истиқлол - чашмаи умеди фардои миллат

Меҳани хуршедии мо соли равон 31-умин солгарди соҳибистиқлолии худро бо як шаҳомати хотирмону бузург дар зарварақаҳои таърих чун ҳар вақта интишор мекунем, ки дастоварди беҳамто ва бузурги аср барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Хушбахтиву сурури беинтиҳои мост, ки сулҳу субот боиси  оромиши қалбҳо, осудагиву оромии бардавоми халқи меҳнаткашу қавииродаи тоҷики тоҷдор гардидааст. Пеш аз ҳама барои ба ин зинаҳои пурмавҷу пурэҳсос ноилгардидани халқи баруманди тоҷик аз роҳбаладиву ҷонисориҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Худ роҳнамо ва меҳрубонии беинтиҳои ин марди  хирад, барои халқи мо ҳамеша хушбахтӣ меорад.

Муфассал...
 
Чоп

Рушди соҳаи варзиш дар даврони 31 соли Истиқлоли давлатӣ

Бо як нигоҳи ҷиддӣ  ва амиқ метавон мушоҳида кард, ки Тоҷикистон дар тӯли наонқадар зиёд ба кишвари рушткарда мубаддал гардида, дар партави Истиқлол худ ба дастовардҳои хеле бузурги аср ноил гардид. Ҳанӯз аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо чизе боқӣ намонд, аммо мо халқи заҳматкаши тоҷик бо неърӯи созанда тавонистем Тоҷикистонро аз сифр барпо карда, имрӯз ба кишвари ободу хуррам мубаддал созем. Дар ин дастовардҳои мо саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст, зеро ин марди майдон чун роҳнамои мо тоҷикон барои сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол   ҷони худро нисор карданд.

Соли равон 31 сол пур мешавад, ки мо мустақил ҳастем ва бо шарофати ин дастоварди бузург тамоми самтҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистонро рушд  додем. Дар ин замина яке аз самти босуръат рушёбанда ин соҳаи варзиш буд, ки бо суръати том инкишоф меёбад. Эътибори давлату Ҳукумат барои инкишофи соҳаи варзиш хеле бузург аст. Дар солҳои охир барои бозам вусъат бахшидани самти варзиш сохта ба истифода додани варзишгоҳу маҷмуъаҳои варзишӣ далели гуфтаҳои болост.

Талошу ибтикорҳои пайвастаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш хеле бузург аст, ки ҳамеша барои рушди ин самти ҳаётан муҳим иқдомҳои созанда менамоянд. Дастпарварони замони истиқлол тавонистанд ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои пайвастаи сарвари кишвар дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ парчами кишварро ба боло бардоранд. Соли равон низ варзишгарони мо дар риштаи ҷудо, самбо, гӯштингирӣ, футбол ва дигар риштаҳои варзиш борҳо ба минбар баромад карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба ватан бармегарданд. Мо чанде аз варзишгарони номии кишварро, ки дар даврони истиқлол пайваста номвари кишваранд ва моро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад инҷо метаовн дарҷкунем, ки онҳо Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопирён, Беҳрӯзи Хоҷазода, Темур Раҳимов, Эмомалии Нуралӣ, Абубакри Акобир ва дигарон мебошанд, варзишгарони мо зиёданд, ким дар дигар мусобиқаҳо низ бо дастовардҳои назаррас ба ватан бармегарданд.

Дар шаҳру навоҳии кишвар сохтани варзишгоҳҳои замонавӣ, толорҳои варзишӣ ва маӣдончаҳои солимгардонӣ бо мароқ идома дошта, чанде аз мактабҳои варзишӣ низ фаъолияти густурда дорад. Дар замони истиқлолияти кишвар ба мактабҳои варзишӣ ва толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ низ бештар аҳамият дода шуда, ҷавонону наврасони кишвар доим дар тамрину иҷрои машқҳои гуногун мебошанд. Аз тарафи Ҳукумати кишвар ҳамасола ба самти варзиш маблағҳои калон равона карда мешавад, ки то барои рушди соҳаи варзиш босамар истифода шавад.

Варзиш муаррифгари миллату кишвар аст, ки инро касе инкор карда наметавонад. Маҳз варзиш аст, ки номи Тоҷикистонро фарзандони бонангу номусаш андар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Кишвари сулҳу суботи мо, ки тинҷу осоишта аст, бомаврид ҳамаи самтҳо инкишоф меёбанд, алалхусус соҳаи варзиш ки яке аз риштаи асосӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аст бо қадамҳои устувор вусъат меёбад.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон                          Шаҳзод Қаюмов

Муфассал...
 
Сахифаи 182 аз 271