Чоп

 

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома дошта, сокинон талош доранд, ки ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои шоиста пешвоз гиранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ аз наздик шинос шуд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ даромадгоҳи деҳаи Ваҳдати ноҳия ба таври замонавӣ таҷдид гардида, симои зебо ва ҷолиб пайдо кардааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи асосии ноҳия тандиси рамзии “Асп” гузошта шуд, ки ба хусусияти таърихиву фарҳангии ин минтақа мувофиқат мекунад. Бо дарназардошти мавқеи сайёҳии ноҳияи Шаҳристон, тасмим гирифта шудааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари меҳмонон тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд.
Бунёди иншооти соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад. Раиси вилоят зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Ғунча” ва ошхонаи замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо масъулини соҳа ва сокинон суҳбат намуд. Таъкид карда шуд, ки иншоот бояд мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосир ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода шаванд, то кӯдакон ва наврасон аз имкониятҳои беҳтар бархурдор гарданд.
Дар деҳоти Бунҷикат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯраев ва фарзандонаш фермаи калони чорвопарварӣ бунёд мешавад. Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар қомат афрохта, дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ барои парвариши 1000 сар гусфанди зоти ҳисорӣ, 500 сар гов ва аспҳои хоҳад шуд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки чорвои зотӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли шир ва гӯшти босифат заминаи устувор фароҳам оварда мешавад. Парвариши аспҳои зотӣ низ ба як самти муҳими фаъолияти ферма табдил меёбад, ки ба рушди бахши варзиш ва сайёҳии аспсаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо ташаббуси ҳамин соҳибкор дар деҳаи Ободӣ кӯдакистон барои 400 нафар бунёд гардида истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф босуръат идома доранд ва нақша аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба ба анҷом расонида шавад.
Инчунин, соли равон бо саҳми Анорқул Ҷӯраев беш аз 3 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш мегарданд. Дар соли 2026 бошад, бо ташаббуси ӯ боз 7 километр роҳҳои деҳаи Ободӣ ба таври пурра таҷдид ва мумфарш карда мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми чунин шахсони ватандӯстро дар рушди диёр ва амалисозии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас арзёбӣ намуда, ба Анорқул Ҷӯраев ва фарзандони ӯ барои амали нек ва хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 

 
Чоп

 

-ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯ
07.09.2025сол н.Шаҳристон
Имрӯз дар асоси нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Навкент баргузор гардид.
Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим дар чорабинии мазкур иштирок намуда, сокинони деҳаро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

 

 

 
Сахифаи 2 аз 268