Чоп

 

-ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ТЕМУРМАЛИК!
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имруз дар деҳаи Темурмалик, вохӯрии и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим бо сокинон баргузор гардид.
Воҳӯрии мазкур баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Қонунҳо ва Стратегияҳои давлатӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати таълим, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва вазифагузориҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҷумла Структураи кишти картошка, бунёди боғҳои нав, бунёди боғи ангур дар заминҳои лалмӣ, обёрии заминҳои корам ва шинонидани дарахтҳои ҳамешасабз ва сояафкан доир гардид.

 

 

 
Чоп

-ОҒОЗИ КОРИ АЗНАВСОЗИИ МТМУ№18-и БА НОМИ ХУДОЁР ОТАБОЕВ

Имрӯз и.в. Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим бо ҳамроҳии намояндаи сармуҳандиси идораи сохтмони асосии вилояти Суғд Маҳмудов Рустам Пӯлотович ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Худоёр Отабоев ташриф оварда аз ҳолати муассиса дидан намуда, барои омода намудани хуҷҷатҳои зарурии сохтмони бинои нави муассисаи мазкур  дастурҳо дода шуд.

Лоиҳаи бинои нави муассиса аз 3 ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст хизмат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Худоёр Отабоев соли 1936 бо тариқи ҳашар сохта шуда айни ҳол, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

 
Сахифаи 9 аз 253