Чоп

Мубориза  алайҳи  терроризму    экстремизм

 

Мушкилоти экстремизм (ифрогароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст, ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст.

Неруҳои ҳарбӣ ва захираҳои молиявии созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломи» босуръат афзоиш ёфта, онҳо имрӯз имкони муқовимат намудан бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто паймонҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳоро пайдо карда истодаанд. Яке аз омилҳои пурқудратшавии ташкилотҳои террористӣ муттаҳидшавӣ ва аз навтақсимшавии созмонҳои террористӣ, ҳадаф интихоб кардани кишварҳои ҷангзада аз захираҳои табии бой буда, истифодаи моҳиронаи идеологияи динӣ ва албатта харобкориҳои калони  геополитикӣ маҳсуб меёбад.

Барои пешгирӣ намудани чунин равандҳои номатлуб бояд  дастаҷамъона кор намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия  намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле зиёд аст.

Ҷавонони мо ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ худро аз даст надиҳанд, бо давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳангӣ миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Китобдори китобхонаи марказӣ                        Д. Азимова

 
Чоп

Ақидаҳои ифротӣ ба ҷавонони мо хос нест!

Терроризм ва ифротгарои зуҳроти номатлуб буда, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ муқобили башарият таҳдиду хатарҳои фоҷиаангез оварда истодааст. Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оромиву осудагии инсоният дар асри ХХ1 хатари ҷиддӣ пайдо мекунад.

Роҳбарони гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳилаву найранг ва тахрибкориҳои худ ба ҷавононӣ гумроҳшуда ваъдаҳои зиёд дода, ҳаёташонро барбод медиҳад.

Мутаассифона, ҳолатҳои ба таври ноогоҳ бо аҳли хонавода ва оила ба минтақаҳои ҷангзада рафтани онҳо ҷой доранд. Онҳо асосан муҳоҷирони меҳнатие мебошад, ки кишварҳои хориҷӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифроти афтода, ба гирдоби ҷанги беъмани ғарқшуда фиристода шудаанд.

Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, таркиузвияти ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҳадафи фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар аст, балки ба харобкориву бесаросомонӣ овардони ҷомеа имрӯза мебошад.

Имрӯз мардуми соҳиб фазилатӣ тоҷик сафедро аз сиёҳ фарқ кардаанд, ва ҳег гоҳ ба ваъдаву амалҳои дурғини хоинони миллат дода намешаванду бовар ҳам намекунанд.

Сармутахасси бахши фарҳанг                         Ғозибекова С.

Муфассал...
 
Сахифаи 7 аз 93