Чоп

“Имрӯз хонаи обод дорем мо”

Инсоният истилоҳи ҷангро намепарастад, дӯст намедорад ва ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин истилоҳи шумро ба забон наорад. Ин истилоҳ тороҷгари манзилҳои обод, шаҳру деҳаҳои гулафшон ва давлатҳои рӯ ба тараққист. Ин вабо аст, бало аст, ки ногаҳон бар сари мардуми орому осоишта мисли чанголҳои деви сиёҳ расида, маконҳоро хароб, дилҳоро озурдаву пур аз ғам, фарзандонро дар ҳасрати рӯи падару модар, хешу ақрабо, волидонро дар фироқи фарзанд ва азизони гумгашта ҷигаркабоб месозад. Охир, кадом ҷанг хонаҳоро обод, маҳаллаҳоро шукуфон ва дилҳоро шод карда буд? Ҷанг бадбахтӣ ва саргардониҳои зиёдеро ба бор меорад.

Муфассал...
 
Чоп

Сабабхои пайдоиш ва роххои пешгирии

экстремизм ва терроризм.

Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Пеш аз оне, ки сабабҳои пайдоиши ин зуҳуротҳои номатлубро муаян намоем сараввал мехостем оиди мохияти онҳо чанд сухан гӯем.

Муфассал...
 
Сахифаи 157 аз 230