Чоп

Поянда бод, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31-сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихӣ, сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик Иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор дорад, ки сиву як сол пеш аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Чоп

Ҷавонон бар зидди терроризму

ифротгароӣ

Терроризми байналмиллалӣ ин бадбахтии тамоми сокинони Сайёра буда, бар муқобили он муборизаи якҷояи беамон бояд бурд. Терроризм дар асри 21 инсониятро бо хатару таҳдидҳои ҷиддие ру ба ру намуда истодааст. Зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар замони имруза ҳамчун зуҳуроти номатлуб пазируфта шуда, тамоми оқибатҳои нохуш, таҳдид, ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, диннӣ ва ғайра аз он сарчашма  мегирад. Ин падидаҳои номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони имруза доман паҳн карда истода, хатари бузурги иҷтимоӣ дошта, барои субботу амнияти кишварҳои алоҳида таҳдиду хатарҳо паҳн намуда истодааст. Новобаста аз оне, ки ҳамасола бар зидди терроризму ифротгарои ва дигар зуҳуротҳои номатлуб дар тамоми ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад, вале он  на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта истодааст. Имрузҳо дар тамоми гушаҳои ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо маълум гардида истодаанд. Оқибатҳои амалҳои террористию экстремистиро ҷаҳони имруза дарк намуда, мубориза бар зидди онро сарони кишварҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсат медонанд. Зеро терроризму экстремизм ва ифротгароӣ дар як қатор кишварҳо ҷангҳои харобоварро ба вуҷуд овардааст, ки таъсири он боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидааст. Афзоишёбии падидаҳои номатлуби терроризму экстремизму ифротгароӣ ва оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи он дар асри 21 яке аз проблемаҳои асосии инсоният ба шумор меравад. Чунин зуҳуротҳои номатлуб ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро инкор намуда, асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти минтақаҳою тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдиду хатар эҷод менамояд. Бар муқобили ин падидаҳои номатлуб ҳар як шахси солим фикр бояд мубориза барад. Чунки аз ин гунна падидаҳои номатлуб таъсироти манфӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсоният аз ҷумла, дар сиёсат, идеология, илм, дин, варзиш ба вуҷуд меояд. Ҳамаи ҷавонони мамлакати офтобиамонро мебояд аз ҳар гунна ҳизбҳои хусусияти террористӣ экстремистӣ дошта бар канор бошанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                      Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Сахифаи 151 аз 230