-ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо сокинону фаъолони деҳаҳои Шаҳристон, Саробӣ, Чилҳуҷра, Чашмасор ва Ваҳдати Ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва деҳаҳои Ободӣ, Гулистон, Навкент, Себзор ва Ҳисори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат вохӯриҳои судманд баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо муовини раиси ноҳияи Шаҳристон оид ба самти идеологӣ Ҷасур Ҳоҷимуродзода, намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд капитани адлия Нуриддинзода Комрон, Ҷӯразода Насимҷон-мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия, Далерзода Маҳина мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Шаҳристон оид ба самти идеологӣ оғоз намуда, ба ҳозирин оид ба мақсад ва рӯзномаи маҷлис маълумот дод.
Сипас, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба мақсад ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар идома, ҳамчунин аз ҷониби баромадкунандагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон", муқовимат ба экстремизм ва терроризим, "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” истифодаи самараноки қувваи барқ, "Дар бораи забони давлатӣ", пос доштани ҳифзи марзу буми кишвар ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.