Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Авг14

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

Имрўз мо дар давлате умр ба сар бурда истодаем, ки шаҳрвандонаш аз тамоми рўйдодҳои олам бохабар ҳастанд.

Имрўз мафкураи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тафаккуру мафкураҳои солҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад.

Имрўз мардуми худшиносу худогоҳӣ Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи кишвар кору пайкор доранд ва шукронаи оромию осудагии кишвари азиз менамоянд.

Ҳастанд афроди нохалафе, ки ин оромию ободиро нодида гирифта, ба сари мардуми кишвар суханњои пучу беманиро бор мекунанд, ба мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ ки бо мақолаи беасос «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?» аст.

Ба фикри ин гуна шахсони худношиносу худоношинос гўё дар Тоҷикистон озодии виҷдон вуҷуд надорад. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳоест, ки шумораи зиёди масҷидҳоро дорост, дорои Донишгоҳи Исломӣ, дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҳои он масҷидҳои 5 вақта амал менамоянд ва мардум ба таври ихтиёрӣ ба масҷидҳо ширкат меварзанд, онҳо инро нодида гирифта, дар зери ниқоби дини поктарини ҷаҳон Ислом мехоҳанд ватани зебои мо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат бикашанд.

Мирабиев Толиб ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар МТМУ №6 деҳаи Чашмасор

 
Авг14

Бетарафӣ – гуноҳ аст.

Бетарафӣ – гуноҳ аст.

Барои решакан кардани гурўҳҳои ифротгаро, ки бо истифода аз номи дини мубини Ислом ба қатлу куштор даст зада, оромии ҷомеаи башариро халалдор месозанд, муборизаи дастҷамъона бояд бурд, чунки бетарафӣ дар ин маврид хиёнат ба Ватан, миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамроқулов О омўзгори фанни Тарбияи ҷисмонии МТМУ №6 деҳаи Чашмасор

 
Авг14

Изҳороти

Изҳороти

ҷамоаи омӯзгорони МТМУ №6, деҳаи Чашмасор бар зидди Муҳиддин Кабирӣ

Зуҳуроти номатлуб, тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфи иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо дохил мегарданд ва билохира миёни ҷомеа бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ истибдод ва хушунат тавлид мекунанд.

Муфассал...
 
Авг14

ҲИЗБИ НАЗҲАТИ ИСЛОМ – ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ.

ҲИЗБИ НАЗҲАТИ ИСЛОМ – ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ.

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ, вақте ки аъзои собиқ Ҳизби назҳати ислом айни замон ТЭТ Ҳ НИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагонӣ карданӣ намемонад бо ёрии хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон паст карда истодааст.

Муфассал...
 

Шаҳристон