Чоп

-КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА"

09.05.2025 сол н.Шаҳристон

Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон аз 1 майи соли 2025, №201 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ноҳиявӣ” вобаста ба фаҳмонидани моҳият ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2164 ба сокинони ноҳия бо усули «Хона ба хона» сӯҳбату вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Корҳо дар ин самт идома дорад

 
Чоп

 

-АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
08.05.2025сол н.Шаҳристон
Дар ноҳияи Шаҳристон 11 нафар фидоёни меҳнат, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар оқибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд умр басар мебаранд. Имрӯз аз тарафи Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим 4 нафари онҳо дар хонаи истиқоматиашон аёдат карда шуд.
Пирони баруманд аз ин иқдоми нек хушҳол гардида, дар ҳаққи Сарвари давлат ва ободонии ватани азизамон даст ба дуои нек бардоштанд.

 

 

 
Сахифаи 14 аз 268