Чоп

 

-ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ" ДАР НОҲИЯ
25.05.2025сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Рабим Ғафурзода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим суханронӣ намуда, кулли варзишгарон, ҷавонон ва сокинонро бо "Рӯзи ҷаҳонии футбол" табрик намуданд.
Бояд, қайд намуд, ки санаи 9 феврали соли 2024 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид ва тӯли ду сол аст, ки "Рӯзи ҷаҳонии футбол" таҷлил карда мешавад.
Дар охир ба варзишгарони фаъол тӯҳфаҳои Раиси ноҳия тақдим гардид.

 

 

 
Чоп

 

-МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯ БО ЗОИРИНИ ҲАҶИ ФАРЗӢ
25.05.2025 сол н.Шаҳристон
Имрӯз 20 нафар сокинони ноҳия барои иҷрои яке аз бинои ислом барои адои Ҳаҷи фарзӣ сафарбар гардиданд.
Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим вобаста ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қайд намуданд. Инчунин, дар бораи қонуншиканиҳо дар самти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", пешгирии шомилшавӣ ба равияҳои ифротӣ, муаррифии фарҳанги тоҷикона ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона қайд намуданд.
Дар охир зоирин дар ҳаққи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи кишвар даст ба дуои нек бардоштанд.

 

 

 
Сахифаи 11 аз 268