Чоп

Падидаҳои номатлуби замон

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми рохбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Муфассал...
 
Чоп

Таърихи пайдоиши экстремизм ва терроризм

Экстремизм (ифротгароӣ), террор ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт, пеш аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Соли 2001 бостоншиноси ангилис бо ҳамкориикриминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 азор сол пеш содир шуда буд, ҷисми мумиё шудаи Фиръавнро, ки дар синни 18-солагӣ дунёро тарк карда буд, таҳқиқ намуда олимон дар пушти косахонаи сари ӯ чуқурчаеро пайдо карданд, ки бар асари бо кадом чизи сахт адан пайдо шудааст ва маҳз ҳамин зарба Фиръавнро ба марг расонидааст.

Дар натиҷаи тадқиқоти сарчашмаҳои зиёд олимон ба хулосае омадаанд, ки Фиръавнро мушовири ӯ бо ёрии асои шоҳӣ ба қатл расонидааст.  Ин корро мушовир бо ёрии сарлашкари артиши Фиръавн анҷом додааст.

Бо роҳӣ зӯрӣ кушта шудани Фиръавни мисрӣ аввалин ҳодисаи дар таърих сабтшудаиқатлиҳ одими давлатии сатҳи баландтарин мебошад.

Дар асри I  пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён  бо номи «зелотҳо», ки бо воситаи методҳои террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд маълумотҳо вуҷуд доранд.

Дар солҳои 60-70 асри I мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи “сика” аз ханҷари кӯтоҳ  ба вуҷуд омадааст.

Сикориҳо дар рӯзи равшан одатан дар вақтҳои серодами кӯчаҳою бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ  амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷоме0аи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

 
Сахифаи 110 аз 230