Чоп

Мафхуми терроризм

Мафхуми терроризм Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани зарар расонидан ё таҳдиди нобуд сохтани зарар расонидан ба амвол ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамиятӣ, тарсонидани ахолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатхои ғайрихуқуқии амволӣ ва ё дигар манфиати онхо, инчунин таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё ҷамиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қат гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба хаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамиятии онхо, бо мақсади ноором сохтани вазият ё расонидани тасир ҷихати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё моне шудан ба фаъолияти сиёси ё ҷамиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи байналмилалӣ қарордошта ё азои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба бинохои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки тахти химояи байналмилалӣ қарор доранд

Нозири сомонаи

Ҷамоати Шаҳристон                Қобилҷонзода Сабзина

Муфассал...
 
Чоп

Амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, захрнок сахттасир, захролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обектҳо сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногенӣ ё тахдиди воқеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатхои барои ҷамъият вазнин.Гурӯхи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттахид шудаанд.

Муфассал...
 
Сахифаи 108 аз 230