Чоп

Мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои ҷаҳон

Барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти террористон давлатҳоро зарур аст, ки зимни ҳифзи сарҳад тадбирҳои назоратиро мувофиқи ӯҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи баёналмиллалӣ амалӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки эъҷод ва нақши созмону ҷамъиятҳо ва ҷаласаву маросимҳо  дар ҳамгироии мардумони сайёра ва ҷомеаҳои ҷаҳон хело муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамаи он барои эҳёву эҷоди пайвандҳои умумии башар таъсис меёбад, то мардумони сайёраро дар фазои оромӣ, хираду дониш ва ҳамкориҳои судманду созанда зиндагии худро  софдилона идома диҳанд.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм ва экстремизм

Агар ба таърих назар афканем, олам дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст ва баъзе ин падидаҳо худ омили ба вуҷуд орандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизaҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳaмоиҳои оммавии баҳри ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёт дар ҳар як гўшаи  олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дaраҷa  вa хaрактери зоҳиршaвии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаaнд. Ҳaмроҳ бо ин ҳама воқеаҳо ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли экстремизм ва терроризм пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ маълумотҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ вa ё гумaнисту адолатҷў ва саркубсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқaдами  инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид сaдо медиҳад, ки байни онҳо терроризм ҷойи  махсусро соҳиб аст.

Муфассал...
 
Сахифаи 27 аз 230