Чоп

П А Ё М И
табрикии и.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим ба муносибати Иди Сада

Ҳамдиёрони азиз!

Дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну идҳои миллӣ дубора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид.
Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Ин ҷашнвораҳо дар робита бо фаслҳои сол ва бо табиат ба ҳамдигар робита дошта, хусусияти даврагиро доро мебошанд. Ҳар кадом дар идомаи ҳамдигар дар муддати муайяни замон меоянд ва такмилдиҳандаи ҳамдигаранд.
Дар ин ҷашвораҳо ҳикмати баланди фалсафӣ ва гуманистӣ низ, аз қабили тарғиби сулҳу осоиштагӣ, тозагии муҳити зист, тозагии оби ошомиданиву мусаффо, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва ғайра ниҳон мебошад.
Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ба нақли ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст. Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд. Баробари ба поён расидани он аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд. Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, дастархони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.
Инчунин, бояд қайд кард, ки оид ба пайдоиш ва моҳияти Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳои зиёде омадааст, ки калимаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Ва боз овардаанд, ки миёни Сада ва Наврўз 50 шабонарўз, яъне 50-рўз ва 50-шаб буда, аз ин сабаб ҷашнро Сада ном ниҳодаанд.
Иди миллии Сада сокинони ноҳияро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намоем, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунем, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонем ва тухмии серҳосил интихоб кунем. Дар ин радиф кишоварзони ноҳия аз соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа аз ҷумла картошка замина гузоранд. Боварии комил дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.
Ман боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Шаҳристон аз ин ҷашни ниёгонамон илҳоми тоза гирифта, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамдиёрони азиз !
Бо истифода аз фурсат фарорасии ҷашни бостонию мардумии Садаро ба кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Шаҳристон табрику муборакбод гуфта, бароятон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

 
Чоп

-ОМОДАБОШИИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

 

Имрӯз муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз ҳолати омодабошии кишоварзони ноҳия барои кишту кори баҳорӣ ва аз захираҳои картошкаи тухмӣ дидан намуданд.

Зиёзода Сулаймон муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо раисони хоҷагиҳои кооперативӣ қайд намуданд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   заминҳо барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат менамояд.

Дар давраи истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Шаҳристон, ки яке аз ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад зарур аст, ки кишти картошкаро дар заминҳои обӣ бисёр намуда, кӯшиш ба харҷ диҳед, ки дар як сол аз як замин ду се маротиба ҳосил гиред.

Бо назардошти тағйирёбии иқлим қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба тавсиб расид, ки мақсади асосии ин барнома солимгардонии муҳити зист,  коҳиши газҳои гулхонаӣ,  таъмини рушди иқтисодиёти «сабз», бунёд, барқароркунии ҷангалзорҳо ва тасмаҷангалҳо, барқароркунии хатҳои муҳофизати ҷангал (дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ),  таъмини рушди устувор ва амнияти экологӣ,  кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист бо роҳи андешидани тадбирҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим, таҳияи механизми иқтисодии кабудизоркунӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ оид ба масъалаи кабудизоркунӣ ва зиёд намудани шумораи ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ мебошад.

Маҳз ба ин хотир аз роҳбарияти ноҳия сар карда ҳамаи сокинон вазифадоранд, ки барои иҷрои Барномаи мазкур кӯшиш намуда, шумораи боғҳо ва дарахтони сояафканро дар ноҳия зиёд намоянд.

И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим  дар охир қайд намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳо, Барномаҳо Стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода мебаранд.

 
Сахифаи 22 аз 264