Чоп

ХИТОБ БА КАБИРИИ КАСИФУ ИҚБОЛИ БЕИҚБОЛ!

Имрўзҳо, ки дар сартосари ҷумҳури амон шодиву нишоту тантанаҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, хоби Кабирии касиф ва Иқболи Беиқболро ҳаром намудаааст. Ин ғуломони зархариди беватан ба ҳар гуна ҳазёну сафсафаҳо овораанду мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ баранд.

Мо кормандони Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ба ин ғарибу беватанҳо, ғуломони зархариди дур аз диёр афтода қотеона гуфтанием, ки ба ин ҷаг-ҷаги сагонаи онҳо мардуми фарҳандўсту тамаддунсози Тоҷикистон ҳаргиз бовар нахоҳад кард.

Ин оқипадарон мехоҳанд Ватани азизи моро дубора ноором созанд, лекин мардуми бошарафи мо аз воқеаҳои ахири Авғонистон сабақ гирифта, буҳтону тўҳмат ва дурўғбофии онҳоро кайҳо ошкор кардааст.

Бигузор Шумо беватанон ба нафрату нафрини халқ гирифтор шавед!

Директори Қасри фарҳанги

ноҳияи Шаҳристон Ф. Махкамов

 
Чоп

Муҳиддин Кабирӣ - ВАТАН надорад!

Муҳиддин Кабирӣ нафаре ҳаст, ки то дирўз даъвои дину ислом мекарданд ва ҳамчун роҳбари ҳизби наҳзати ислом баромад мекард. Бинобар ношукрӣ ва рафторҳои бадахлоқона, душманона дур аз Ватан ҳамчун роҳбари созмони паймони миллӣ фаъолияти бадхоҳона дорад. ў мисли мурғи бечаман хор асту зор аст ва ягон паймон надорад.

Муфассал...
 
Сахифаи 229 аз 253