Падидаҳои номатлуби замон
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд.
Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу камсавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми рохбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.
Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба Ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои оромикишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳо ба ҳалқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона карда шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳо “исломӣ”-и ватанӣ, ин чунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллити худ барангезанд.

.jpg)