Терроризим экстримизм давлату миллат надорад
Ҳимояи Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ба ҳамаи кирдорҳои нохалафонаи душманони миллат, нигоҳ накарда мо мекӯшем, ки сулҳу оромии Ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Терроризим экстримизм давлату миллат надорад ва мо фирефтаи он нагашта, худро дар кадом шакл зоҳир намояд ҳам, онро нашояд қабул кард. Экстримист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён омаданаш мумкин аст.
Ба ҳамаи мо аз расонаҳо маълум аст, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси бисёр гаштани фирориё, гуруснагӣ ва муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гаштааст ва ба проблемаи ҷиддии асри ХХ1 табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизи худ саҳмгузор бошем, ваҳдати онро аз даст надиҳем. Ба арзиши чунин неъмати бебаҳо расем.
Мудири шуъбаи иттилоот ва
таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Шаҳристон Муллоева Матлуба

.jpg)