Истиқлоият ва ҷавонон
Интиҳои асри ХХ ва оғози асри ХХI барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик тақдирсоз гардид
Санаи 9-сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайри навбати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пшвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки санаи 9-сентябри соли 1991 барои мо ҷавонон натанҳо ҳамчун рӯзи Истиқлол давлатии Тоҷикистон, балки шараф ва номуси ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеъа, оғози раванди созандагии шоистаи мардум буд.
Мо наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдир давлат ва миллатро ба зиммаи худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳид нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандаги роҳнамо созем.