Чоп

И­ғвогарон Ватанро вайрон месозанд

Имрӯз душманони кишвари мо аз дуриҳо истода, нисбат ба миллати худ бӯҳтонҳо мезананд, ин гуна шахсонро хоин ва ватанфурӯш гуфтан мумкин аст.

Аз оқибати камсаводиву бетаҷрибагӣ баъзе ашхосон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои нохалафона дохил гашта, бо ғаразҳои номатлуби худ бар зидди оромии кишвари худ мебароянд, сулҳу суботу оромии онро вайрон  месозанд. Ҳамаи мо шоҳиди он гаштаем, ки амалҳои террористона  қурбониҳои зиёд оварда, модарро аз фарзанд ва фарзандро аз падар ҷудо сохтааст.

Маълум аст, ки аз рӯйи диннӣ, куштор гуноҳи азим буда, озор додан ҳам гуноҳ мебошад. Аммо шахсоне ҳастанд, ки суханҳои бардурӯғ аз номи ислому Худованд зада, мафкураи ҷавонорнро вайрон намуда, онҳоро доми чунин гурӯҳҳои номатлуб мегардонанд.

Бинобар ин ҳар яки мардуми кишвар, бахусус зиёиён, омӯзгорон, фаъолон вазифадорем, ки бо илму дониш ва фарҳанги худ ҷавононро аз ин гуна роҳҳои хатарнок эмин дошта, таъсири бади чунин ҳизбҳҳои номатлубро фаҳмонида, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пурзӯр намоем. Дар муассисаҳои таълимӣ, Донишгоҳу донишкадаҳо ҷавононро  ба ҳар гуна маҳфилҳо, чорабиниҳои сиёсивӣ, фарҳангӣ ҷалб намоем, то ки ба ин гуна ҳизбҳои номатлуб дохил нагарданд.

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳияи Шаҳристон                                                      Муллоева Матлуба

Муфассал...
 
Чоп

Терроризим экстримизм давлату миллат надорад

Ҳимояи Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ба ҳамаи кирдорҳои нохалафонаи душманони миллат, нигоҳ накарда мо мекӯшем, ки сулҳу оромии Ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Терроризим экстримизм давлату миллат надорад ва мо фирефтаи он нагашта, худро дар кадом шакл зоҳир намояд ҳам, онро нашояд қабул кард. Экстримист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён омаданаш мумкин аст.

Ба ҳамаи мо аз расонаҳо маълум аст, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси бисёр гаштани фирориё, гуруснагӣ ва муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гаштааст ва ба проблемаи ҷиддии асри ХХ1 табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизи худ саҳмгузор бошем, ваҳдати онро аз даст надиҳем. Ба арзиши чунин неъмати бебаҳо расем.

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳияи Шаҳристон                                                      Муллоева Матлуба

Муфассал...
 
Сахифаи 130 аз 230