Чоп

Экстремизм ва терроризм мавзӯи баҳсталаби имрӯза

Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад. Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногун ва давлатҳо  корбарӣ намуда, андешаҳои ҷавононро тавассути таблиғҳои бардурӯғ тағйир дода ба сӯи худ мекашанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани боийгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд. Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои  динӣ бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алоқамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин  нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.

 

Омӯзгори МТМУ8:                      Додобоева Н

Муфассал...
 
Чоп

Муҳиддин Кабирӣ - хоини миллат.

Дар Тоҷикистон ҳизби террористии исломӣ бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекард ва нафарони зиёдеро низ дар оғоз тавонист ба узвияти худ шомил намояд. Аз аввал  чеҳраи сиёсӣ ва манфӯри ин ҷоҳталабон барои ҳамагон равшан набуд . Вале бо мурури замон  мақсаду мароми  онҳо  миёни мардум ошкор гардид. Сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва қурбони беадолатӣ гардидани 150 ҳазор нафар шаҳрвандон  ҳамин ҳизби бо ном исломӣ буд. Тайи чанд соли охир хушбахтона бо амри Прокрори генералӣ фаъолияти ин ҳизб боздошт гардида  ва саркардагони он қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда гурӯҳи дигарашон дар хориҷи мамлакат ба тӯҳмату дасисабозӣ машғуланд.

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз зери қаноти хоҷагонаш ба сӯи роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он санги ғаразнок партофта мехоҳад, ки мамлакати амну оромро боз аз нав бо дасисаҳои худ ба коми оташ кашад. Вале дигар халқи тоҷик кайҳост, ки ҷои худро шинохтааст ва он дигар ҳаргиз гумроҳ нахоҳад шуд.  Ту Кабирии бадаъмол дигар наметавони ақлҳои ин мардуми тамаддунофар ва фарҳангиро бо пардаи сиёҳи ғаразҳои шахсият тира гардонӣ. Мо ҳаргиз ба ту дигар бовар намекунем ва Тоҷикистонамонро ба дасти ту ва ту баринҳо нахоҳем дод.

 

Омузгори МТМУ8:                             Салимова Д

Муфассал...
 
Сахифаи 128 аз 230