Чоп

БА ҚАДРИ ТИНҶИВУ ОЗОДӢ БИРАСЕМ

Мардуми Тоҷикистони азизи мо таи солҳои охир ба сӯи ҳадафи бунёдкорона ва созандаи хеш  қадамҳои устувор мегузоранд

Албатта дастовардҳое,ки имрӯз аз баракати мустақилият ба даст омадааст,барои миллати тоҷик осон даст надодаанд.Ин пешравиву дастовардҳое,ки давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст бо дастгириву сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст. Аммо ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро баъзе манфиатҷӯёни беруна дида натавониста, сари ҳар қадам ҳадафҳои муғризона ва бадхоҳонаашонро амалӣ карданӣ мешаванд, вале мақсадҳои нопоки онҳо зери хок мегарданд.

Имрӯз мо давлати соҳибистиқлол ва Артиши пурқуввату тавоно дорем.Ҷавонмардони далеру шуҷои Артиши миллӣ намегузоранд, ки ягон қувваи бадхоҳ ба давлати азизи мо тоҷикон хатар эҷод кунад.

М. Каримова

Муфассал...
 
Чоп

ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ

Таи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст,ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи замин нишонаҳояш ба назар мерасад.

Мо насли калонсол ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, ба насли наврас, ҷавонон фаҳмонем, ки оқибатҳои терроризм ва экстремизм ба чӣ оварда мерасонад.

М.Каримова

Муфассал...
 
Сахифаи 79 аз 230