Чоп

ҲАРОМ БОД ШИРИ МОДАР, ЭЙ ХИЁНАТКОРОН

Бо таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд, Волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Хиёнаткорон Ватан надоранд. Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми Тоҷикистон  рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси  хиёнаткорро  маҳкум намуда, нафрат доранд.

Ҳаром бод шири модар ба чунин шахсони хиёнаткор

М.Каримова

Муфассал...
 
Чоп

ТЕРРОРИЗМРО  РЕШАКАН  БОЯД  КАРД

Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад .Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза  бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо карда, онро решакан намоянд.

Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои интернетӣ  бесарусомониҳои зиёдеро  дар ин ё он мамолики дунё мебинему шукри ободиву осоиштагии кишвари азиз  ва шукри  ваҳдати  ягонагӣ  мекунем.

Мо бояд ба қадри сулҳу суботи ин кишвари биҳиштосо бирасем ,  нагузорем,ки нохалафони бадният ба ин тинҷиву осоиштагии мо халал эҷод намояд.

Б.Мамарасулова

Муфассал...
 
Сахифаи 78 аз 230