Чоп

Терроризм-вабои аср

Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки бар зидди терроризм мубориза бурда хушёриро аз даст надиҳанд Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро гардида истодааст. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бахусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Мо ҷавонон бояд аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ  худдорӣ намоем, зеро дар натиҷаи шомил шудан ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳем ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегардем. Ҳар  як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Омӯзгори фанни забони русии

МТМУ №3 ба номи Н.Ҳотамбоев            Мустафоқулов Эралӣ

Муфассал...
 
Чоп

Ватандорӣ ифтихору масъулият аст!

Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки сулҳу оромӣ Истиқлолу ваҳдати миллӣ пойдор буда мардум дар чунин фазои амну ором кору фаъолият карда баҳри пешравӣ ва тараққиёти ватани хеш саҳм мегузоранд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, имрӯзҳо нотавонбиноне ҳастанд, ки сулҳу субот, оромиву пешравӣ, гулгулшукуфоии Ваҳдату Истиқлоли моро таҳаммул карда наметавонанду алайҳи он садо баланд мекунанд, дар байни мардум тухми кинаву адоват мекоранд ва тафриқа эҷод карданӣ мешаванд. Ин нотавонбинон бе ягон шакку шубҳа зархариди хоҷагони хориҷии худ буда, ба рӯи модари хеш пой мегузоранд. Онҳо ватандору ватандӯст набуда, тарғибгари андешаҳои ифротгароёна ҳастанд ва ҳамаи инро ба ислом нисбат медиҳанд. Мусаллам аст, ки ҳамаи таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ барои инсон мафҳуми Ватанро дар мавқеи нахуст мегузоранд, зеро инсоне, ки Ватанашро дӯст намедорад, қодир ба пазируфтани дигар анвои меҳру муҳаббат нест. Муҳимтарин хосияти ватандӯстӣ ин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафту мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетарф буда натавонад. Пешрафти давлаташро аз они хеш ва камбудиву нуқсони онро низ ҳамчун мушкилоти хеш арзёбӣ кунад. Нисбат ба ҳимояи марзу бум ва моликияти давлативу ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва таъмини амнияти сартосарӣ ба таври масъулиятшиносона муносибат намояд ва масъулияти ватандориро дарк намояд. Зеро ки ватандорӣ ифтихору масъулият аст!

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                             Алиҷонзода Г.Ф

Муфассал...
 
Чоп

Нест бод терроризм

Солҳои  охир яке аз мушкилотҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин терроризм мебошад. Он ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ҷинояти махсусан вазнин буда, барои ҷамъият хафнок мебошад. Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Ин амали номатлуб бештар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ афзуда истодаанд. Террористон дар фаъолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мебаранд. Аз кирдори бади гурӯҳҳои террористӣ ҳазорҳо ҷабрдидагон дар ҷаҳон азият мекашанд. Мавриди қайд аст, ки ин гуна гурӯҳҳои террористӣ бадбахтона меафзоянд.

Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд. Дар ҷамъият ба омилҳои терроризм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, писихалогӣ, динӣ ва дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият аз нуқтаи назари ҳуқуқ бояд баҳо дод. Терроризм ин бадбахтии умум буда, ба он мумкин аст, танҳо ба саъю кӯшиши якҷояи давлатҳо ва халқҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ ва миллаташон мубориза бурда. Ҳодисаҳои солҳои қаблӣ дар маркази ҷумҳурӣ рӯйдод мисоли равшани даст доштани қувваҳои муташаккили ҷинояткорон барои ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакат ба  шумор меравад.

 

Нозири  сомонаи

Ҷамоати деҳоти Шаҳристон

Қобилзода Сабзина Қобил

Муфассал...
 
Сахифаи 1 аз 93