-ВОХӮРӢ БО УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА
07.05.2026 сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар самти таҳкими рушди иҷтимоӣ ва густариши робитаҳои мутақобила бо ҷомеа, дар деҳаи Навкенти Ҷамоати деҳоти Бунҷикат вохӯрии судманду фарогир бо иштироки сокинон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин ҳамоиши муҳим Ҳоҷимуродзода Ҷасур – муовини Раиси ноҳия, Муҳиддинов Боймурод – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Тӯлаев Сунатулло - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо ва Абдураззоқов Абурайҳон - раиси Ҷамоати деҳоти Бунҷикат иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа суханрониҳои пурмуҳтаво анҷом доданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд:
«Ҷавонон неруи созанда ва ояндасози миллатанд ва мо бояд онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ тарбия намоем».
Дар идомаи суханрониҳо зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ, яке аз омилҳои муҳими муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб мебошад. Маҳз тавассути ташаккули ҷаҳонбинии солим ва тафаккури интиқодӣ метавон ҷавононро аз доми гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошт.
Ҳамзамон, иштирокдорон масъалаҳои вобаста ба ободониву бунёдкорӣ, саҳмгузории фаъолонаи аҳолӣ дар рушди маҳал, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Шаҳристон, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, бо дастовардҳои назаррас ва корҳои ободониву созандагӣ ин санаи таърихиро пешвоз мегиранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамбастагӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият метавон суботу амнияти ҷомеаро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам овард.

.jpg)