ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Чоп

 

-ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД
26.08.2025 сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд вобаста ба омӯзиши вазъи корҳо оид ба пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 17-уми июли соли 2025, инчунин рафти иҷрои нақшаи муштараки корҳои идеологӣ аз рӯи усули “Деҳа ба деҳа”, “Маҳалла ба маҳалла” ва “Мактаб ба мактаб”аз ҷониби гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамроҳии Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, ҳайати гурӯҳи кории вилоятӣ, муовинони Раиси ноҳия, сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, имом-хатиб ва хатибони намозҳои панҷвақта ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз рафти фаъолияти самтҳои ба худ дахлдор дидан намуда, дар ҷаласа маълумот пешкаш намуданд.
Дар хотима ба фаъолияти кормандони шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои дахлдор дар самти идомаи корҳои идеологӣ аз тарафи Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар баҳои қаноатбахш гузошта шуд.