АЁДАТИ АФСАРОН ВА САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 03040-И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

 

-АЁДАТИ АФСАРОН ВА САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 03040-И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
27.06.2025сол н.Шаҳристон
Имрӯз Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим ҳамроии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ширин ба қисми ҳарбии 03040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда аз шароитҳои сарбозони қисми ҳарбии мазкур дидан намуданд.
Дар идома кулли афсарон ва сарбозонро бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Инчунин барои афсарон ва сарбозони шуҷоъи ватан дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.