-БАИСТИФОДАДИҲИИ ТРАНСФОРМАТОРИ БАРҚӢ ДАР ДЕҲАИ ОБОДӢ
Имрӯз дар арафаи таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Ободӣ трансформатори барқӣ бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Атозода Зариф ва раиси Ҷамоати деҳоти Бунҷикат Абдураззоқов Абурайҳон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Трансформатори мазкур аз тарафи саховатпеша Фозилов Ризоқул сокини деҳаи Ободӣ ба маблағи 100000 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.