-АЁДАТИ АФСАРОН ВА САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 03040-и ВМ ҶТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Дар идомаи сафари кории худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ба ноҳияи Шаҳристон ба қисми низомии 03040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз шароитҳои афсарону сарбозон дидан намуданд.
Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим ва Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ афсарон ва сарбозони қисми низомиро ба Иди Қурбон табрик намуданд ва барои сарбозони шуҷову далер дастархони идона ороста шуд.