САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

АФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

 

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз рафти сохтмони биноҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба тавсиб расида, 192 банди он барои сохтмони биноҳои таъиноташон гуногун равона гардидааст. То ин ҷониб 142 адад биноҳои таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудааст.