ПАЁМИ табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтара Ғафурзода Рабим ба муносибати 31 -солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп

-ПАЁМИ
табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтара Ғафурзода Рабим ба муносибати 31 -солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мӯҳтарам афсарону сарбозон!
Собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Ҳамасола 28 май Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ иди касбиашонро ботантана ҷашн мегиранд. 31 сол муқаддам яъне соли 1994 Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангин таъсис ёфт ва дар натиҷаи ҷаҳду талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Тоҷикистон табдил ёфт.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо тамоми афсарону сарбозон, кормандон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадиро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замири қалб табрику муборакбод намуда, тансиҳатию рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурсамару масъулиятноки ҳамарӯзаатон баҳри ҳифзи ватан ва амнияти мардум бурдбориҳо таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «Ҳоло давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори марзу буми Ватан ва дастовардҳои истиқлолияти миллии худро мебинад. Зеро маҳз бо хизмати содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кутоҳи таърихӣ неруҳои қобили ҳифзи марзу буми Ватан ба камол расонида шуд, ки барои ин даҳсолаҳо лозим буданд».
Бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қӯшунҳои сарҳадии хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоишта ифтихор мекунад.
Боварии комил дорам, ки афсарон ва сарбозони шуҷоъ дар соли равон, ки тамоми мардуми кишварамон 28 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, бо хизмати намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори худ – хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд.
Бори дигар Шумо, муҳофизони Ватан ва посдорони суботу оромиро бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, муваффақияту комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед.