-ТАҶЛИЛИ 80 – СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941 – 1945 ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 8 май дар хиёбони «Поси хотира» дар деҳаи Шаҳристон, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бахшида ба 80 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки раиси ноҳия Ғафурзода Рабим, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷанговарони интернатсионалист, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ ва дигар кормандони касбу кори гуногун дар пояи лавҳаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта шуд.
Бахшида ба ҷашн ба 11 нафар собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8000 сомонӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 500 сомонӣ ва ба 77-нафар ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ 75 сомонӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.
80 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Шаҳристон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.