ПАЁМИ
табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим ба муносибати 80 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамасола моҳи май дар қаламрави кишвари азизамон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ — солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои идона, 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар муҳорибаҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карданд, инчунин, ба тамоми мардуми ноҳияамон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадон фазои орому осуда, хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони ҷанг сафарбар намуд. Аз 260 ҳазор нафар фиристодагони мо барои ҳимояи ватан ва шарафу номуси ватандорӣ дар ин ҷанг шуҷоат ва қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд, ки 92 ҳазорашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштаанд ва 168 ҳазор нафари онҳо қаҳрамонона ба Ватан баргаштанд.
Санаи 13 декабри соли 1941 аз ноҳияи Шаҳристон зиёда аз 250 нафар ба майдони ҷанг сафарбар карда шуданд. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ 4 сентябри соли 1942 ба фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 600 нафар фиристода шудаанд. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ аз ноҳияи Шаҳристон ҳамагӣ 2830 нафар дар ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, 764 нафари онҳо аз ҷанг қаҳрамонона баргаштанд. Боқимонда дар майдони ҷанг баробари намояндаҳои дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри ҳимояи Ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷони худро фидо карданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони Шаҳристон дар сафи партизанҳо низ бар зидди фашистон ҷангидаанд. Аз ҷумла, Ҷонибек Рустамов ва Наталя Ухова дар сафи отряди партизанҳо дар муҳорибаҳо иштирок намудаанд, ки номи онҳо дар осорхонаи шаҳри Брянск бо хатҳои заррин навишта шудааст. Дар он давра барои корхонаҳо қувваҳои корӣ хеле зарур буд. Аз ин лиҳоз, аз соли 1942 сар карда барои баталионҳои корӣ аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ сафарбаркунӣ оғоз ёфт. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ ба баталионҳои корӣ зиёда аз 400 нафар сокинони Шаҳристон сафарбар карда шуданд. Аз ноҳияи Шаҳристон бо сардории Юнус Бобоев ба Саратов ва бо сардории Маматмусо Бойчаев ба шаҳри Челябинск коргарон сафарбар карда шуданд.
Яке аз масъалаҳои даври ҷанг ин таъмин намудани аскарон бо маводи хӯрока, бо сарулибос буд. Санаи 26 октябри соли 1941 аввалин маротиба ба фронт фиристодани сарулибоси гарм ба аскарон дар ҳудуди вилояти Ленинобод ташкил карда шуд, ки дар ин саҳмгузорӣ мардуми ноҳия низ фаъолона иштирок карданд.
Мо, имрӯз дар назди хотираи тамоми қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 2830 нафар фарзандони аз ноҳияи Шаҳристон дар ҷанг иштирокнамуда ва онҳое, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҷони худро қурбон кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.
Дар ноҳия 11 нафар фидоиёни меҳнат, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар оқибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, зиндагонӣ карда истодаанд. Онҳо боиси ифтихори сокинони ноҳия мебошанд.
Бо ишора ба ҷонфидоиҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномоӣ дар ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик дар солҳои ҷанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: “Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи муҳорибаҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардиданд, сари таъзим фуруд меорем.”
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба бар зидди фашизм аз самими қалб ва бо арзи эҳтиром табрик намуда, ба шумо ва аҳли оилаатон рӯзгори осоишта, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзумандам.
Иди Ғалаба муборак ҳамватанони азиз!