Табрикоти
и.в. Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Ҷавонони шуҷои Ватан!
Шукргузор аз он ҳастем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои орому осоиштаи Ватани азизамон бо сарварии хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 32-умин солгарди таъсисёбии худ самимона истиқбол менамоянд.
Нахустин кӯшиш дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Баъдтар 4-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси “Фронти халқӣ” ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сару либос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли онҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-феврали соли 1993 дар даврае таъсис ёфт, ки саросари Ватани азизи моро алангаи ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби манфиатҷуёни дохиливу хориҷӣ таҳмилшуда таҳдид мекард. Ҳарчанд дар марҳилаи аввали таъсисёбӣ шароитҳои моддию техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ мушкилу такмилталаб буданд, аммо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯсту баномуси миллат рисолати муқаддаси худ-ҳимояи марзу буми диёри биҳиштосоямонро таъмин намуда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузоштааст.
Артиши миллии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷоъу далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд. Зеро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мо бо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон ифтихор мекунем. Зеро ки имрӯз ҷавонон бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азиз, содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан, осоиштагии мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватан-парастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватанӣ хеш сарф намоянд.
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ӯҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашнҳои бузургу муқаддаси давлатиамонро бо сарбаландиву дастовардҳои арзандаи ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи халқ истиқбол мегиранд.
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори ин санаи муборак, яъне 32 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиашон сиҳатмандиву некрӯзӣ ва барори кор орзумандам!
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!