Санаи 05.05.2024 сол дар ноҳияи Шаҳристон бориши шадиди борон омадани сел ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ ба хонаҳои сокинони деҳаи Чашмасор ва Саробӣ қисман зарари ҷиддӣ расонида, якчан хонаву роҳҳо ва заминҳои кишт зери об монд. Имруз аз тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 оилаҳое, ки бар асари ин офати табиӣ манзили истиқоматиашон зери об монда буд, бо кӯмаки моддӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуд.
Шахсони аз офати табиӣ зарардида маводҳои хӯрока ва масолеҳҳои сохтмониро гирифта, барои ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро изҳор намуданд.