МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Чоп

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст меоранд бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.

 

Қаюмов А