Раванди рўй додани амалиётҳои террористӣ

Чоп

 

 

Тоҷикистониён бояд ҳар яки мо ба гуфтаҳои террористон бовар накунем, онҳо тинҷӣ, сулҳу суботи моро ноором сохтан мехоҳанд.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Омӯзгори фанни математика:                       Мустафоқулов Ш.