Терроризм ва экстремизм хатари глобалии ҷаҳонӣ

Чоп

 

 

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд, дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурўҳҳои терроризмро биёмузанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири соҳаи конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва мутаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешрўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Омўзгори фанни Забони хориҷӣ

дар МТМУ №6 ба номи К.Ғозиев

деҳаи Чашмасор                               Яллақобов Ҷ.