Терроризми экстремизм – хатари глобалии №1 ҷаҳон

Чоп

 

 

Аз ин рӯ, барои донистани роҳҳои пешгирӣ ва таъмин намудани амнияти шахсӣ хабарнигори Мактаби ҷурналистика бо Абдулло Давлатзода, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои ш. Душанбе сӯҳбате анҷом дод.  - Имрӯз бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон маъно ва ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгароиро намедонанд. Барои ҳамин мехостам дар аввал фаҳмам чи хатарҳое ин гуна гурӯҳҳо ба ҷомеа оварда  метавонад? - Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.   Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».  Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки  он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳ ристон                         Муҳиддинов Б.