Терроризму экстремизм вабои аср. Терроризму экстремизм хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи д

Чоп

 

 

Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Федератсияи Русия дар муҳоҷират қарор доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои бемантиқӣ худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва аз афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Сармутахассиси бахши фарҳанг                                  Ғозибекова С.