Дустиро чустучу дорем мо

Чоп

 

Муноқишае, ки санаҳои 28-29 апрели соли равон дар сарҳади ду давлат, ки аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошад, бо пеш овардани сабабу баҳ онаҳ ои сохтаву ивғоангез аз ҷониби Ҷумҳурии Кирғизистон сар зад, ки боиси ба ҳалокат ва захмин гардидани шаҳрвандони ин ҳарду ҳамсоякишвар гардид.

Мутаассифона таъкиду пешниҳодҳои чандинкаратаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди бо роҳи мусолиҳаомез ҳал намудани қазияи марзиро хукуматдорони Ҷумҳурии Кирғизистон нодида гирифта, вазъиятро ноором сохтанд. Зимни сафарашон ба Чамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки “Ягон ваҷаб хоки сарзаминамон, аз он ҷумла Воруғ иваз нашаванда буда, масъалаи ҳалли он бояд сари мизи музокираҳо ҳаллу фасл гардад”.

Лекин он чизе ки ҳаст ҳоҷат ба баён нест, чунки имруз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кирдори сокинони Ҷумҳурии Кирғизистонро маҳкум менамояд. Мо аҳли фарҳанг, ки ҳамеша тарафдори сулҳу осоиштаги ҳастем, орзуи онро дорем, ки ҳар чи зудтар ин муноқиша ҳалли мусбии хешро дарёбад ва мо дар рузҳои ид ва ҷашну суруди ядигар хушиву хурсанди намоем.

Д=стиро ҷустуҷу дорем мо,

Аз амони гуфтугу дорем мо.

Директори Қасри фарҳанг Ф. Махкамов

Навгонихо ( 12.05.2021 13:50 )