Онҳо ба мақсад нахоҳанд расид

Чоп

Аъзоёни ҳизби наҳзат, ки давои Ислому худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр ба дасти худ гирифтани ҳокимият ва мансаб дигар мақсад надоранд.

Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоти покро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Имрўз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик бадбахтӣ, қашшоқӣ оварда, худашон шоҳу таъбашон вазир бошанд.

Вале мардуми имрўз дигар мардуми содда нестанд, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунанд.

Ҳадафи ягонаи созмону равияҳои террористӣ бо роҳи азобу уқубат ва таҳдиди ҷомеа расидан ба нақшаҳои асосии худ мебошад.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳеҷ гоҳ ба давлати абарқудрати тоҷик ягон нафар хоину ватанфурўш зарар расонида наметавонад.

Омўзгори МТМУ 6

деҳаи Чашмасор С.Борлибоева