Чоп

Роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб – яъне терроризм дар байни ҷавонон

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таваҷҷуҳ ба ҷавонон ватарбияи шоистаи онҳо дар маркази диққатаст.

Рисолати бузургтарин барои ҷавонони Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони ҷомеа талоши ҳақназарона барои рушду нумӯи кишвари азиз, барпо намудани омилҳои намунавӣ, тарбияи фарзандон, ободии диёри нозанин, пешрафти илму техника, инкишофи маориф ин ҳам барои пешрафти ватани азизамон мебошад вам о метавонем ватанамонро ба як кишвари тарақикарда табдил диҳем.

Хуб мешуд, ки падару модарон ва мураббиён аз оғози ҳаёти кӯдакон ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон равона намуда, ба рафтору гуфтор, муносибату муошират, ситқу вафодорӣ, дӯст доштани ватан, эҳтиром ба ҳамагон ва умуман бояд ба қалби тифлакон тухми муҳаббат бикорем.

Имрӯз ватани азизи мо зери сарварии Пешвои миллат роҳи сулҳу ваҳдат, дӯстиву меҳру вафо ва ҳақро интихоб намуда пайваста рушд меёбад.

Нест бод терроризм

Ҳамшераи МДТТ «Ғунча» Примқулова Н.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм таҳдид ба ҷаҳон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст; «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷатонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дахшатбору бераҳмони худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Муфассал...
 
Сахифаи 199 аз 268