Чоп

МУҲИДДИН КАБИРӢ

Имрӯз симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносад. Муҳиддин Кабирӣ,  ки аъзои собиқ Ҳизби нахзати ислом буд ба халқу Ватани  худ хиёнат кард. Дар охир аз кишвари худ шарманда шуда гурехта рафт. Дигар ба Ватанаш ҳаргиз омада наметавонад.  Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро паст карда истодааст.  Бо аъзоёни бо ном Ҳизби наҳзати исломӣ,  аммо дар асл ташкилоти террористӣ якчанд  маротиба зарарҳо овард.  Аммо халқи бошарафи тоҷик ин гуна шахсони нокасу беимон, ватанфурӯшро ба хубӣ мешиносанд ва ин гуна шахсони бемодар, бепадар,  бедавлат , хоинро намебахшанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм – вабои аср

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар айни ҳол барои нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири терроризм дар муассиса як қатор корҳо ба роҳ монда шудааст. Мо омӯзгорон барои ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон ӯҳдадорем. Ба  фиребу найранги онҳо фирефта нашавем ва Ватани азизи худро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳ ристон                   Муҳиддинов Б.

Муфассал...
 
Сахифаи 95 аз 268