Чоп

Ҳамроҳ шави ҷавононро ба гуруҳҳои тероризм

Коршиносони масъалаҳои динӣ бар он назаранд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавононро аз надоштани дониши мукаммали динӣ марбут медонанд. Ҳамзамон, хуб набудани шароити иқтисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд. Баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм  ба  таълимоти динӣ

Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ   пайдо шуда  бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст ва амалҳои  террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳи адо кардани қарзи бандагӣ дар назди худои муқтадир медонанд.Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ истиқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд ва бади ин васила ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад».

Муфассал...
 
Сахифаи 40 аз 230