-ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, санаи 9 сентябри соли 2025 бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ бо роҳбарии Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Оқилзода Ғайрат ва дигар меҳмонон баргузор гардида, табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҷашни бузурги миллӣ аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ба самъи сокинони ноҳия расонида шуд.
Табрикоти Раиси вилоят аз тарафи сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии дар вилояти Суғд қироат карда шуд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Атозода Зариф роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.
Дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2025, №201 5 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд
Бо Ифтихорномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар сарфароз гардонида, ба 13 нафар Ифтихорномаи раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Бад аз қисми расмии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардид.